Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Март 31, 2025 08:15

ДУШАНБЕ, 31.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 март Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд меҳмони воломақомро ба нишони накуҳамсоягӣ ва анъанаҳои меҳмоннавозӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифтанд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон гулдухтарони тоҷик дастагул пешкаш намуданд.

Барои истиқболи меҳмони олиқадр дар майдони фурудгоҳ роҳрави сурх густурда шуда, аксҳои сарони давлатҳо, инчунин парчамҳои давлатӣ ва шиорҳои тараннумгари дӯстию бародарии халқҳои се кишвари ҳамсоя насб гардидаанд.

Барномаи кӯтоҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон дар фурудгоҳ ба маросими истиқболи меҳмони воломақом шукӯҳи хос зам намуд.

Ташрифи Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон 31.03.2025

Март 31, 2025 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд