Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд

Март 12, 2025 17:22

ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Бишкек ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олимақом — Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони ду давлат ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду ҳамсоякишвар идона оро ёфта буд.

Ба нишони эҳтирому самимияти хос ба Сарвари давлати мо дар саҳни фурудгоҳ, ҳамчунин, баъзе саҳнаҳои фарҳанги миллии қирғизӣ бо хаймаҳо, аспҳо, уқобҳои шикорӣ ва рақсу сурудҳои мардумӣ намоиш дода шуд.

Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.

Зимни ин сафар маҷмӯи масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳои ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин, дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расад.

Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон 12.03.2025

Март 12, 2025 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд