Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 19.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок ва суханронӣ намуданд.
Кори иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави вакилони мардумӣ, ки рӯзи 2 марти соли равон интихоб шуданд, аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода кушода эълон гардид.
Дар оғози иҷлосия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Аз ҷониби вакилон регламент тасдиқ, тартиби баргузории иҷлосия ва инъикоси ҷараёни кори иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма муайян шуда, Комиссияи муваққатии баҳисобгuрии овозҳо оид ба интихоби роҳбарони сохторҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Сипас, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овози ҳамаи вакилон вакил аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 Файзалӣ Идизода интихоб карда шуд.
Пас аз ин Котиботи иҷлосия, муовини якум ва муовинони раиси Маҷлиси намояндагон тавассути воситаҳои овоздиҳии электронӣ интихоб карда шуданд.
Ба вазифаи муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовинҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — вакил аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд, рақами 13 Мавсума Муинӣ ва вакил аз ҳавзаи интихоботии № 41 — Хоруғ Азиз Гиёзода интихоб гардиданд.
Пас аз интихоби роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, пеш аз ҳама, вакилони нави парлумони кишварро бо интихоб шуданашон ба ин мақоми баланду пурмасъулият табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки вакилон бояд тамоми кӯшишу талош ва донишу таҷрибаи худро ба он равона созанд, ки ба эътимоди мардуми кишвар сазовор бошанд.
Роҳбари давлат аз натиҷаҳои интихобот, ки рӯзи 2 марти соли ҷорӣ дар фазои озоду демократӣ ва шаффоф баргузор гардид, изҳори қаноат намуданд.
Аз вакилон талаб карда шуд, ки барои амалӣ кардани барномаи пешазинтихоботии худ саъю талош намоянд, зимни қабули қонунҳо ва ҳалли дигар масъалаҳо манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандонро меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳанд, инчунин барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат содиқона кӯшиш намоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ба ҳайати нави парлумон олимон, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо, саноатчиён ва кормандони соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетикаву сохтмон ва намояндагони касбу корҳои дигар интихоб гардиданд, ки ҳар яки онҳо мутахассиси соҳибтаҷриба ва шахсиятҳои обрӯманду шинохтаи ҷомеа мебошанд.
Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ба ҳайати парлумони даъвати нав 18 нафар занон интихоб шуданд ва ин шумора аз вакилони даъвати гузашта 4 нафар зиёд буда, аз иштироки фаъоли онҳо дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ва баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа дарак медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши қонунгузориро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар муҳим арзёбӣ намуда, талаб карданд, ки фаъолияти парлумони Тоҷикистон дар ин самт боз ҳам тақвият дода шавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки мақоми қонунгузор ҳамкориро бо мақомоти дахлдор, хусусан, бо субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ вусъат бахшад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳамияту афзалияти қабули барномаву стратегияҳо андешаронӣ намуда, зарур шумурданд, ки барои иҷрои босифату саривақтии Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 тамоми захираву имкониятҳо сафарбар карда шаванд.
Пешвои миллат ба вакилони Маҷлиси намояндагон дастур доданд, ки ба рақамикунонии фаъолияти худ ва гардиши электронии ҳуҷҷатҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Зикр гардид, ки вакилони Маҷлиси намояндагон бояд ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо, аз ҷумла дар самти дастгирии соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби бештари сармоя, иқтисоди рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба масъалаи механизми мукаммали иҷрои қонунҳо, аз ҷумла асосҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии амалишавии онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.
Аз ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба пешбурди масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, Сарвари давлат зарур донистанд, ки парламент дар ин самт саҳми босамари худро гузорад.
Густариши ҳамкории вакилони мардумӣ бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ — ҳокимияти иҷроия ва судӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, интихобкунандагон амри муҳим дониста шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вакилон даъват намуданд, ки дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, корҳои хайру созанда пешсаф бошанд, аз худ фарҳанги баланди сиёсӣ нишон диҳанд, дар риояи қонун, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон намунаи ибрат ва бо ҳама гуна қонунвайронкунӣ, аз ҷумла коррупсия оштинопазир бошанд.
Зарурати иштироки фаъоли вакилон дар раванди омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии истиқлоли давлатӣ таъкид карда шуд.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз намуданд, ки вакилон вазифаи дар Конститутсия ва қонунҳо муайяншудаи худро бо ҳисси баланди ватандорӣ ва дарки масъулият ба хотири пешрафти имрӯзу фардои Тоҷикистон, рушди устувору босуръати иқтисодиву иҷтимоии кишвар, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар сатҳи баланд ва босамар амалӣ мекунанд.