ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 март, якшанбе, 61-умин рӯзи соли 2025 аст

Март 2, 2025 08:00

2 марти соли 1992 дар ҷаласаи 46-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти  ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуд.

***

2 марти соли 1992 Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон ва Узбекистон низ  ҳамчун давлати соҳибистиқлол аъзои  Созмони Милали Муттаҳид шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1993 Шурои байниҳукуматии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба нафту газ ташкил шуд.

***

2 марти соли 2010 дар Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО маросими ботантанаи ифтитоҳи Соли байналмилалии наздикшавии фарҳангҳо доир гардид.

***

2 марти соли 2011 дар Тоҷикистон Шурои  рушди  тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд.

***

2 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ гардид.

***

2 марти соли 2013 Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо шуд.

***

2 марти соли 2016 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни байналмилалии  Наврӯз тасдиқ гардид.

***

2 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ду дастаи доварон аз Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026, ки моҳи март доир мешаванд, ҳакамӣ менамоянд.

2 МАРТ:

 Рӯзи байналмилалии гӯгирд.

***

Дар Фаронса Рӯзи миллии бибиҳо.

***

Рӯзи байналмилалии телевизион ва радиошунавонии кӯдакона.

Март 2, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, шанбе, 248-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, ҷумъа, 247-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, панҷшанбе, 246-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, чоршанбе, 245-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 244-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, якшанбе, 235-умин рӯзи соли 2026 аст