Ташаббусҳои сулҳофаронаи Президенти Тоҷикистон дар таҳкими амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва робитаҳои дӯстии мардумони кишварҳо беназир мебошанд
ДУШАНБЕ, 14.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Марказии Халқии Демократии Тоҷикистон 14 март дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамоиши ҳизбӣ зери унвони «Ҳамсоягии нек ҳадафи Пешвои миллат» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Марказии Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода таъкид намуд, ки ташаббусҳои сулҳофаронаи Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким бахшидани амнияти минтақавию ҷаҳонӣ ва робитаҳои дӯстии мардумони кишварҳо беназир мебошад.


Иброз гардид, ки барқарор намудани муносибатҳои некуҳамсоягӣ ва шарикӣ, кушодани гузаргоҳҳо байни ду кишвари ҳамсоя, инчунин густариши муносибатҳо дар бахшу самтҳои мухталиф барои рушди тадриҷии Тоҷикистону Қирғизистон нақши муассир ва мусбат хоҳад гузошт.
«Ҳамзамон муносибатҳои некуҳамсоягӣ дӯстӣ ва бародарии мардуми ҳарду кишварро таҳким бахшида, қадами созанда барои ҳамзистии осоишта мебошад», — тазаккур дода шуд дар ҳамоиш.
Иштирокчиён зимни андешаронӣ ин руйдоди муҳими сиёсиро, ки дар таърих мондагор хоҳад шуд, ситоиш намуда, натиҷаи онро пешрафту ободӣ ва суботу амнияти минтақавию ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Марказии Халқии Демократии Тоҷикистон













Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






