Тоҷикистон ҳамкориро дар самти ҷалби сармоя бо Малайзия тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Малайзия дар самти ҷалби сармоя ҳамкориро тақвият медиҳанд. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни ду давлат дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Президенти Анҷумани тиллои Малайзия Дато Вира Лиус Нг дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба сармоягузорони малайзиягӣ доир ба фазо ва имконоти сармоягузории Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи саноати металлургӣ маълумот пешниҳод намуд.
Дар анҷом ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






