Вобаста ба мавзуи «Иқтисодиёти Чин ва ҷаҳон: ҳамкорӣ ва имконият» ҷаласа доир шуд

Март 12, 2025 13:43

ДУШАНБЕ, 12.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити ноустувор ва номуайянии ҷаҳон Чин на танҳо суръати муътадили рушди иқтисоди миллии худро дар ҳудуди тақрибан 5% нигоҳ медорад, балки бо идомаи иҷрои сиёсати ислоҳот ва кушодагии берунӣ дарҳои рушдро барои шарикони хориҷии худ боз менамояд. Дар ин маврид  иштирокдорони ҷаласа дар мавзуи «Иқтисодиёти Чин ва ҷаҳон: ҳамкорӣ ва имконият», ки аз ҷониби CGTN баргузор шуд, ибрози назар намуданд.

Собиқ мудири бахши сиёсати хориҷии Дастгоҳи Президенти Қирғизистон Данияр Сидиков иброз намуд, ки Чин фаъолона кӯшиш менамояд, ки нобаробарии рушди ҷаҳониро бартараф намояд ва бо ин дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон ҳиссаи назаррас мегузорад. Вай ташаббуси ҳамгироии «Як камарбанд, як роҳ»-и Чинро ситоиш намуда, онро платформаи муҳим барои гуфтугӯ ва ҳамкорӣ номид, ки он ба рушди на танҳо минтақа, балки тамоми ҷаҳон мусоидат менамояд.

Муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Академияи илмҳои сиёсии Чин Сюй Хунсай таъкид намуд, ки рушди иқтисодӣ бо суръати тақрибан 5% дар соли 2025 барои иқтисоди Чин ҳадафи воқеӣ мебошад ва амалӣ намудани он заминаи хуб бобати татбиқи панҷсолаи XV рушд (2026-2030) хоҳад буд.

Роҳбари илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Андрей Островский ишора намуд, ки Чин нақши муҳими муҳаррики рушд дар иқтисоди ҷаҳониро мебозад. Динамикаи устувори иқтисоди Чин на танҳо рушди худро таҳким мебахшад, балки ба иқтисоди ҷаҳон низ таъсири мусбат мерасонад.

Собиқ вазири корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов иброз дошт, ки сиёсати ислоҳот ва кушодаи Чин, ки анҷом дода мешавад, асоси устувор барои истиқрори суботи дарозмуддати ҷаҳонӣ ва рушди устувор мебошад. Вай инчунин ёдовар шуд, ки ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ба кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақаҳои дигар имконияти беназир барои ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ фароҳам меорад.

Ту Синсюан, декани Институти таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии савдо дар назди Донишгоҳи байналмилалии тиҷорат ва иқтисод ба  нақши бахши хусусӣ дар инноватсияҳои технологӣ ва муосиркунонии саноат дар Чин таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Суханҳои ӯро директори Институти таҳқиқоти байналмилалии Донишгоҳи мардумии Чин Ван Ивэй дастгирӣ намуд. Вай аҳамияти рушди қувваҳои истеҳсолии сифати нав ва пайвастагии мухторияти илмӣ-техникии Чинро бо ҳамкории байналмилалӣ таъкид намуд.

АКС: CGTN

Март 12, 2025 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш