ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад

Июль 3, 2026 09:33

ДУШАНБЕ, 03.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи таъсиси мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ мебошад. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони ин мақомот ҳамоишу мулоқот ва чорабиниҳои дигари маърифатию иттилоотӣ баргузор карда мешаванд.

– Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мақомоти ягонаест, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ мегардонад. Риояи қонунияту таъмини тартибот дар роҳҳои нақлиётгарди ҷумҳурӣ аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти кормандони соҳаи мазкур алоқаманд аст. Онҳо дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо нақши муҳим доранд.

Ҳукумати мамлакат ҳамеша барои баланд бардоштани мақоми корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ шароити мусоидро фароҳам меорад. Маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даҳҳо биноҳои хизматӣ бунёд гардида, нозирони роҳ бо нақлиёти хизматӣ ва воситаҳои корӣ таъмин шуданд. Ҳуҷраҳои кории кормандон таъмир ва бо навтарин технологияи ҳозиразамон таҷҳизонида шуданд.

Дар шароити муосир, ки ҳамасола шумораи воситаҳои нақлиёт ва иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ меафзояд, нақши мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дар таъмини амнияти ҷомеа боз ҳам муҳимтар мегардад. Кормандони ин ниҳод бо иҷрои вазифаҳои назоратӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва танзими ҳаракати нақлиёт барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон, коҳиш додани садамаҳои роҳу нақлиёт ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Яке аз дастовардҳои муҳим дар самти рақамикунонии низоми назорати ҳаракат татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ва «Шаҳри ҳушманд» мебошад. Насби дастгоҳҳои сабти видеоӣ дар кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва ба баланд бардоштани сатҳи назорат, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва сабти саривақтии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт мусоидат менамояд.

Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳамзамон ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо ин мақсад байни ронандагон, пиёдагардон, кӯдакону наврасон мунтазам чорабиниҳои иттилоотӣ баргузор шуда, амалиётҳои «Автобус», «Пиёдагард», «Тасмаи бехатарӣ» гузаронида мешавад.

Бо назардошти афзоиши босуръати шумораи нақлиёт ва зиёд гардидани шиддатнокии ҳаракат кормандони ин сохторро водор менамояд, ки роҳҳои самараноки таъмини бехатарии ҳаракат, тарз ва усулҳои нави фаъолиятро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла бо истифодаи техника ва таҷҳизоти ҳозиразамон васеъ татбиқ намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июль 3, 2026 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар Хатлон бо натиҷаҳои лоиҳаҳои Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд