Зан – Модар сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва нуру зиёи зиндагӣ аст

Март 9, 2025 08:49

ДУШАНБЕ, 09.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Модарон сарчашмаи ҷовидонаи ҳаёт ва офарандаи хушбахтӣ ва нуру зиёи зиндагӣ ҳастанд. Зан ҳамчун инсони  фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбия менамояд, ки онҳо баробари ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд. Ин матлабро Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода дар ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Модар баён дошт.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки воқеан Зан — Модар азизтарин мавҷуди рӯи Замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастӣ аст. Зан — Модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва тарбиятгари насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрӣ мебошад.

Дар ҷараёни ҳамоиш зиёда аз 300 нафар занони собиқадору фаъоли ноҳия қадрдонӣ гардиданд. Инчунин дар ин рӯз аз ҷониби занон намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод гардид.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Март 9, 2025 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«Шинохти мақому манзалати зан-модари тоҷик ин шинохти миллат аст», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди маҳал
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
МОДАР ВА ФАЛСАФАИ МЕҲР. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Модар
Модари ҷоизадори бозиҳои олимпӣ Темур Раҳимов: «Модарон барои тарбияи фарзандони хубу номбардори миллат заҳмати сангинро паси сар менамоянд»
Дар Тоҷикистон 71 фоизи кормандони соҳаи тибро занон ташкил медиҳанд