35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд Маҷмааи муосири варзишии «Суғд Арена» сохта мешавад

Апрель 27, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 27.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмони Маҷмааи муосири варзишии «Суғд Арена» идома дорад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маҷмааи муосири варзишӣ яке аз лоиҳаҳои калон ва афзалиятноки соҳаи варзиш дар вилоят ба ҳисоб меравад.

Ин маҷмаа бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ҳудуди он мактаби варзишии маҳорати олии вилоят сохта шуда, ҳадаф аз он татбиқи амалии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш дар ҷомеа мебошад.

Иншоот аз толорҳои замонавии варзишӣ барои намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла бокс, гӯштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, теннис ва таэквандо иборат буда, сохтмони толорҳои махсус барои баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ низ дар назар аст.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншоот дар он то ҳазор нафар дар як вақт метавонанд машқу тамрин намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Апрель 27, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд