Ҳайати паҳлавонони тоҷик барои иштирок дар Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрели соли 2025 дар Қасри тенниси шафати Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе Мусобиқаи шашуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба шореҳи АМИТ «Ховар» котиби генералии Федератсияи гӯштини миллӣ-гӯштингирии Тоҷикистон Абдулло Саидхоҷаев хабар дод.
Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд паҳлавони маъруфи зиёда аз 25 давлати ҷаҳон дар вазнҳои 65кг, 78кг, 95 ва +95 барои мақомҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат менамоянд. Духтарон танҳо дар вазни то 70кг ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Мусобиқаи шашуми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид.
Байни мардон дар вазни 65 кг Халифаев Муллораҷаб, Боқиев Суҳроб, Каримов Муслимбек, Абдушукуров Сарвар, дар вазни 78кг Наҷмиддинов Маҳмадшариф, Фарҳодов Раҳматуллобек, Шукронов Қоим ва Боқиев Абубакр, дар вазни 95кг Раҳимов Исроил, Раҳимов Улуғбек, Устопириён Комроншоҳ ва Меҳробҷонзода Муҷиб ва ниҳоят дар вазни +95 кг Мирмамадов Шакармамад, Назриев Шариф, Насимов Фирдавс ва Қурбоналлиев Дадахон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Байни духтарон дар вазни 70кг Назарова Ҷонона, Қаландарова Шоҳида ва Гулбоева Фазилат ҳунарнамоӣ менамоянд.
Ёдовар мешавам, ки ҷоизаи умумии мусобиқа 110 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолибони мақоми аввал соҳиби 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм соҳиби 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм сазовори 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ мегарданд.
Мусобиқа дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиб, рушду равнақи варзиш ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони пойтахт гузаронида мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






