Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода дар ҷаласаи XX раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуд.
Тавре аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба идоракунии амнияти киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, нақши судҳо дар пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо, ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон ва мубориза бо ҷиноятҳои зӯроварӣ ва терроризм баррасӣ гардид.
Иштирокчиён инчунин вобаста ба масъалаҳои адолати судӣ ва тақвияти эътимод байни ниҳодҳои судии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити таҳдидҳои ҷаҳонӣ ҳамкории судҳои давлатҳои аъзои ин созмон аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи XXI раисони судҳои олии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад.
АКС: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






