Ҳайати Тоҷикистон дар Малайзия бо дастовардҳо дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор шинос гардид
ДУШАНБЕ, 26.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон иборат аз кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати молияи мамлакат ва коршиносони маҳаллӣ дар Малайзия сафари омӯзишӣ анҷом дод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Тоҷикистон.
Ҳадафи сафари омӯзишӣ шиносоӣ бо таҷрибаи Малайзия оид ба ҳамоҳангии ҳадафҳои рушди устувор ба раванди таҳияи буҷети давлатӣ арзёбӣ мегардад.
Сафари омӯзишӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид ва Барномаи занони Созмони Милали Муттаҳид анҷом дода шуд.
Дар доираи сафар бо муовинони вазирони молия ва иқтисод вохӯрӣ гузаронида шуда, вобаста ба идоракунии молияи давлатӣ, раванди банақшагирии нишондиҳандаҳои буҷетӣ, татбиқи буҷетикунонии барномаи ба ҳадафҳои рушди устувор нигаронидашуда, таҷрибаи маблағгузории Ҳазорсолаи Рушди Устувор ва пайвасткунии он ба самтҳои сиёсати миллӣ, шаффофият, мониторинги татбиқи Ҳазорсолаи Рушди Устувор, фаъолияти Маркази миллии Ҳазорсолаи Рушди Устувор мубодилаи афкор доир шуд. Ҳамзамон омодагии ҷонибҳо ба рушди ҳамкории минбаъда таъкид карда шуд.
Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон бо шаҳрдори Куала-Лумпур доктор Маймуна Моҳд Шариф, шаҳрдори иёлоти Пенанги Малайзия, намояндагони Парлумон, инчунин роҳбари маркази Урбаник Малайзия (Urbanice Malaysia) мулоқот намуда, бо ташаббусҳои шаҳрдорӣ дар самти татбиқи барномаи нави шаҳрсозӣ ва ташкили муҳити мусоид барои кӯдакон ва калонсолон, талошҳои шаҳрдорӣ дар самти маҳаллисозии Ҳазорсолаи Рушди Устувор, банақшагирии гендерӣ ва ба иқлим нигаронидашуда дар сатҳи маҳал, нақши Парлумон дар татбиқи Ҳазорсолаи Рушди Устувор, иштироки шаҳрвандон дар ҷараёни банақшагирии буҷет, шарикии давлатӣ бо бахши хусусӣ шинос гардиданд.
Сафари омӯзишӣ ба таҳкими робитаҳои институтсионалӣ, мукаммал намудани донишҳои амалӣ оид ба маҳаллисозии Ҳазорсолаи Рушди Устувор ва муайян кардани роҳҳо барои ҳамкории давомдор байни Тоҷикистон ва Малайзия дар пешбурди рушди устувор саҳми назаррас мегузорад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад






