Академик Баҳром Сироҷев бо медали соҳавии «Аълочии соҳаи энергетика» сарфароз гардид

Апрель 19, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили «Нурофарон»  таҳти унвони «85 баҳори умри Баҳром Сироҷев: Рисолати зиндагӣ ва хизмати содиқона ба рушди соҳаи  энергетикаи тоҷик»  баргузор гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об  иттилоъ медиҳад.

Дар маҳфил  Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа  собиқадорони соҳаи энергетика, роҳбарияти корхонаҳои энергетикӣ, Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон, Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иштирок ва сухан намуданд.

Далер Ҷумъа иброз дошт, ки академик Баҳром Сироҷев  аз зумраи шахсиятҳои барҷаста дар соҳаи энергетикаи мамлакат буда, ҳамчун бунёдгузори сулолаи энергетикҳои тоҷик шинохта шуда, ба хизматҳои шоён на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арҷ мегузоранд.

Таъкид гардид¸ ки Баҳром Сироҷев беш аз 60 соли умри бобаракати худро ба ин соҳа бахшидааст ва ҳоло ҳам дар ин ҷода муваффақона фаъолият дорад. Махсусан таъкид гашт, ки замони роҳбарии ӯ дар ширкати давлатии «Барқи Тоҷик» новобаста аз вазъи мураккаби сиёсии Тоҷикистони тоза ба истиқлолрасида даврони рушди соҳаи энергетикаи миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин давра, аниқтараш соли 2000 ширкати давлатии «Барқи Тоҷик» дар Женева бо ҷоизаи олӣ – «Ситораи тиллоӣ барои сифат ва афзалият» сарфароз гардонида шуда буд.

Дар маҳифли «Нурофарон» навори аксҳои Баҳром Сироҷев аз даврони донишҷӯӣ то ба ҳол манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Дар маҳфил инчунин муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Манучеҳр Сафарзода дар мавзуи «Рушди соҳаи энергетика дар замони соҳибистиқлолӣ» маъруза намуд.

Дар идома ходимони давлатӣ, собиқадорони соҳаи энергетика, роҳбарияти Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон ва дигарон доир ба рӯзгор ва фаъолияти ибратбахши Баҳром Сироҷев ибрози назар намуданд.

Дар анҷоми маҳфили «Нурофарон» ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои арзанда ва саҳми шоиста дар пешрафти соҳаи энергетикаи мамлакат ба Баҳром Сироҷев медали соҳавии «Аълочии соҳаи энергетика» тақдим гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 19, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд