Ҳамкории Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон бо мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатии Чин баррасӣ шуд

Апрель 25, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел вохӯрии директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илёс Идрисзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзи Шумин ва ҳайати он баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ташкил ва таҳкими ҳамкории минбаъда, таҳия ва қабули санади меъёрии ҳуқуқии ҳамкорӣ бо Раёсати ташкилии Ҳизби Комунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ташкили сафарҳои хизматии дуҷониба бо мақсади ба роҳ мондани табодули таҷриба ва иттилоот дар соҳаи хизмати давлатӣ, банақшагирии низоми рақамикунонии соҳаи хизмати давлатӣ, мубодилаи вохӯриҳо дар сатҳи кормандони миёна ва роҳбарикунанда, мубодилаи дониш ва таҷриба дар соҳаи идоракунии захираҳои инсонӣ дар хизмати давлатӣ ва ғайра мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Директори Агентии хизмати давлатӣ иброз намуд, ки ҳамкории дуҷонибаи агентӣ бо мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин то ҳол мустақим доир нашудааст. Ҳамкорӣ тавассути барномаҳои таълимӣ ба воситаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти давлатӣ барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб дар самти таҳсил, аз ҷумла такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантура амалӣ карда мешавад.

Солҳои 2012-2024 тибқи барномаҳои таълимии пешниҳоднамудаи Сафорати Чин 72 нафар барои таҳсил ба донишгоҳҳои Чин фиристода шуда, 58 нафар таҳсилро хатм намуданд. 26 нафар аз мансаби то таҳсил ишғолнамуда аз 1 то 6 категория боло фаъолият дошта, дар айни замон таҳсили 14 нафар идома дорад.

Ҳамчунин давоми соли 2024 6 корманди агентӣ дар машваратҳои омӯзишӣ, ки дар шаҳрҳои Пекин, Шенчжен ва Чаншаи музофоти Хунани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардиданд, иштирок намуд.

Ҷониби Чин иброз дошт, ки вобаста ба масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ ҳамчун мақоми ваколатдор Раёсати ташкилии Ҳизби Комунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин пешбинӣ шудааст.

Мақсад аз дархости сафорат барои баргузории ин вохӯрӣ низ таклифу пешниҳоди Раёсати ташкилии Ҳизби Комунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ташкили ҳамкории минбаъда бо ҷониби Тоҷикистон дар самти хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ мебошад.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 25, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд