Ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии бисёрҷонибаи кафолати сармоягузорӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо ноиби Президент оид ба амалиёти Агентии бисёрҷонибаи кафолати сармоягузорӣ (МИГА) Ҷунайд Камал Аҳмад баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Агентии бисёрҷонибаи кафолати сармоягузорӣ яке аз муассисаҳои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ буда, бо мақсади ҷалби сармоягузории хусусӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ тавассути пешниҳоди кафолатҳои қарзию сиёсӣ ва паст намудани хавфҳои сармоягузорӣ таъсис ёфтааст.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкорӣ бо Агентии бисёрҷонибаи кафолати сармоягузорӣ, хусусан дар самти истифодаи васеи кафолатҳо барои дастгирии маблағгузории устувор, коҳиш додани хавфҳои қарзгирӣ ва ҷалби сармояи хусусиро муҳокима намуданд.
Вазири молия таваҷҷуҳи хосса ба нақши кафолатҳои Агентии бисёрҷонибаи кафолати сармоягузорӣ ҳамчун воситаи муҳими ҷалби сармоя, беҳтарсозии эътимод ба қарзгиранда ва паст кардани арзиши қарз зоҳир намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои таҳияи лоиҳаҳои муҳими давлатӣ барои дастгирии кафолатнок таъкид намуд.
Илова бар ин ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти энергияи барқароршаванда, аз ҷумла энергияи офтобӣ баён намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






