АЗ ҲАЗОРОН КАЪБА ЯК ДИЛ БЕҲТАР АСТ. Соҳибкори ватанӣ маблағи барои ҳаҷ ҷамъкардаашро барои бунёди кӯпрук сарф намуд

Апрель 16, 2025 10:58

ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои сокинони деҳаи Даҳбеди Ҷамоати деҳоти Теҳрайи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷашни имсолаи Наврӯзи байналмилалӣ басо хотирмон гардид. Зеро дар ин рӯз як орзуи деринаи онҳо амалӣ гашт. Бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Абдусаттор Шарифзода дар ин деҳа бо дарозии 50 метр пули одамгузар сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иттилоъ медиҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки солҳои тӯлонӣ аҳолии деҳаи Даҳбед барои ба мактабу беморхона ва бозор рафтан маҷбур буданд, ки масофаи зиёда аз 1,5 километр роҳро тай кунанд.

Соҳибкор Абдусаттор Шарифзода гуфт, ки сохтмони ин иншооти муҳим бо харҷи маблағи шахсии ӯ ва бо дастгирии ҶСК «Алюминийи тоҷик» анҷом ёфтааст.

Тавре шахсиятҳои маъруфи илму ирфони гузаштаамон гуфтаанд:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Барои бунёди ин пул 75 фоизи маблағ аз пасандозҳои оилавии мо, ки барои сафари ҳаҷ нигоҳ дода шуда буданд, равона шуд. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, ободсозии Ватан ва осон намудани мушкили мардум беҳтарин амали савоб аст», — афзуд Абдусаттор Шарифзода.

Ин соҳибкори ватандӯст ба чеҳраи шоди пиру ҷавон нигариста, хушҳол гардид, ки чунин амали савобро ба анҷом расонида, мушкили сокинони ин деҳаро осон намуд.

Ҳамзамон бо ташаббуси чанде аз соҳибкорони дигар дар деҳа мусобиқаи гӯштингирӣ бо иштироки собиқадорон ва паҳлавонони номдори ҷумҳурӣ баргузор шуд.

Ба ғолибон туҳфаҳои гаронарзиш, аз ҷумла мошинҳои сабукрав, чорво ва парандаҳо ҳамчун ҷоиза тақдим гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Апрель 16, 2025 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии AMEE 2026 иштирок доранд
Ҳамкории мақомоти судии Тоҷикистон ва Кувайт густариш меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид