Баҳри Хазар то соли 2050 метавонад то сатҳи хатарноктарин паст шавад

Апрель 23, 2025 16:14

ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи пажӯҳишҳои олимони қазоқ, сатҳи баҳри Хазар тамоюли пастравӣ дорад ва то соли 2050 метавонад ба нишонаи аз 33 метр поёнтар наздик шавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба расонаҳои Қазоқистон хабар медиҳад, дар ин хусус муовини вазири экология ва захираҳои табиии ин кишвар Мансур Ошурбаев изҳори назар намудааст.

«Коҳиши сатҳи баҳр то ба нишонаи аз 28,5 метр пасттар, тавре аз таърихи баҳри Хазар маълум мешавад, аллакай ҳам барои экосистемаи он ва ҳам барои хоҷагии баҳр хатарнок аст», — иброз намуд ӯ. Дар робита ба ин барои омӯхтани сабабу пайомадҳои камоб  шудани обанбор соли гузашта Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии баҳри Хазари Қазоқистон ташкил карда шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 23, 2025 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳонро меомӯзанд