Ба зарардидагони ноҳияи Рашт масолеҳи сохтмонӣ, маводи озуқаворӣ ва маблағҳои пулӣ кумак расонида шуданд
ДУШАНБЕ, 25.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба зарардидагони заминларзаи минтақаи Рашт аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масолеҳи сохтмонӣ тақсим карда мешавад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масолеҳи сохтмонӣ дар навбати аввал ба нафароне кумак карда мешавад, ки хонаҳояшон қисман хароб гардидаанд.
Ҳамчунин тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 70 оилаи зарардида маводи озуқаворӣ- 50 кг орд, 20 кг шакар, 5 литр равған, 20 кг макарон ва ба ҳар оилаи зарардида маблағи пулӣ кумак расонида шуд.
Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» ба 34 оилаи пурра зарардида 5 ҳазор сомонӣ, ба 72 оилаи қисман зарардида 2500 сомонӣ ва ба 89 оилаи зарари сабук расида 1500 сомонӣ, дар умум 483 ҳазору 500 сомонӣ кумак расонида шуд.
Инчунин аз тарафи шуъбаи профилактикии ноҳияи Рашт дар деҳаҳои Уштурпаст, Махсумо, Ярхаби Чуқурак, Хулаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ба 30 оила маводи безараргардонӣ (хлор) тақсим гардид.
Ҳамчунин дар деҳаи Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак 2,8 гектар замин ҷудо гардида, 23 апрел ба 19 оила замин дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки 17 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи зудтар ва пурра рафъ намудани оқибатҳои ин заминларза, ҳалли мушкилиҳои пешомада ва бо ёрию ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани аҳолии осебдида ба Комиссияи ҳукуматӣ, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супоришҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон аз вазорату идораҳои дахлдор талаб намуданд, ки барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани раванди таълим, ба табобати саривақтӣ фаро гирифтани нафарони ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, назорати қатъии ҳолати санитарию эпидемиологии минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида ва сари вақт таъмин кардани сокинон бо маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд. Таъкид гардид, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва раванди таълиму тарбияи хонандагон, аз ҷумла дар ҷойҳои муваққатӣ бояд бемонеа идома ёбад.
Бояд гуфт, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сиёсати инсондӯстонаашон бармеояд, барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт расонидани кумакҳои ҳамаҷонибаи фаврӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрел, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар километри 160-уми самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 21-уми самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва қариб 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт














МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд






