Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти адлия ҳамоиши идона баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти адлия (20 апрел) ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш Вазири адлия Музаффар Ашуриён иброз дошт, ки мақомоти адлияи тоҷик дар масири таърих роҳи дуру дарозеро тай намуда, барои барқарор намудани адолат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ корҳои муҳимро ба сомон расонидааст.Мақомоти адлияи тоҷик дар баробари он мавқеъ ва нақши худро дар низоми идоракунии давлатӣ муайян намудааст.
«Фаъолияти мақомоти адлия аз рӯи мазмун ва моҳияти худ фаъолияти давлатӣ ба шумор рафта, дар доираи салоҳияти он ба амал бароварда мешавад. Ин фаъолият маҳз дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа инкишоф ёфт ва барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошт»,-афзуд Музаффар Ашуриён.
Таъкид гардид, ки яке аз комёбиҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқӣ, ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо роҳи раъйпурсиии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Ин санади тақдирсоз ғояҳои пешқадами ҷамъиятиву сиёсӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологиро дар худ таҷассум намуд.
Иброз гардид, ки Вазорати адлия дар баробари мақомоти судӣ ба амалисозӣ ва таъмини адолат сару кор дошта, мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба қонунгузории амалкунанда таъмин намуда, бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро зери ҳимоя қарор медиҳад.
«Дар ин раванд на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсӣ ва молумулкии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият низ мавриди ҳимоя қарор дода мешаванд»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон









«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






