Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел, соати 13:00 бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар маросим озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол», «Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он дар вазъияти тантанавӣ бо мукофоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.
Бахшида ба Рӯзи пойтахт инчунин аз 17 то 19 апрел дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, ҳамоишу ҷамъомад ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор гардида, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳои гуногун дар васфи пойтахт насб карда мешаванд.
Ҳамзамон 19 апрел дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғати пойтахт шомҳои фарҳангии идона ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ доир мегарданд.
Ҳамчунин 19 апрел Ниммарафони анъанавии байналмилалӣ доир мегардад, ки дар он варзишгарон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо иштирок менамоянд. Марафон ба масофаи 21 км 97,5 метр аз роҳи назди «Наврӯзгоҳ» оғоз гардида, дар майдони «Дӯстӣ» ба охир мерасад.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ташкили мусобиқа ва чорабиниҳо аз Фонди рушди пойтахт зиёда аз 590 ҳазор сомонӣ ҷудо намудаанд.
Бояд таъкид намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо ва макони писандидаи ҷаҳониён мегардад.
Тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари мавҷуда то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст.
Имрӯз пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ (ВО ОГМВ), Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, бо шаҳрҳоии Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил муносибатҳои дӯстона ва бародарона барқарор намудааст. Ҳамчунин бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Русия ва Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол ин рӯз ба 19 апрел рост меояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид






