Байни Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистон ва Эрон Ёддошти тафоҳуми хамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 06.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории Форуми Шурои олимпии Осиё ва ҳамбастагии олимпӣ байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ барои давраи то соли 2028 ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ёддошти тафоҳум аз ҷониби ноиби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Алинаҷод бо мақсади инкишоф додани ҳамкории самарабахш ва пеш бурдани Ҳаракати олимпӣ ба имзо расонда шуд.
Дар доираи он ҳарду ҷониб чорабиниҳои дуҷониба, ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ барои варзишгарон, инчунин барномаҳои маркетингӣ ташкил намуда, варзиш, Ҳаракати олимпӣ, идеяи бозии одилонаро тарғиб мекунанд ва рушди фаъолияти варзиширо барои ҳама дастгирӣ менамоянд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба варзиш дар ҳама сатҳҳо бо ҳамдигар машварат мекунанд, инчунин таҷриба ва дониши худро ба манфиати варзиш мубодила менамоянд.
Инчунин иштироки дастаҳо ва варзишгарон дар мусобиқаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегарданд, таъмин гардида, ҳар ду тараф ба якдигар тақвими дахлдори солонаи чорабиниҳои варзиширо барои иштироки федератсияҳои миллии дахлдори ҳарду кишвар пешниҳод мекунанд.
Дар доираи он мубодилаи мураббиён, таҷрибаи тиббии варзиш, мутахассисони варзишӣ ва дастаҳои ваварзишгарон дар назар аст.
Ҳамзамон бо мақсади ба роҳ мондан ва рушди ҳамкории мутақобилан судманди академӣ дар соҳаҳои илмӣ, техникӣ, таълимӣ, тадқиқотӣ, фарҳангӣ, санъат ва ҳама гуна фаъолияти дигари марбут ба пешбурди Ҳаракати олимпӣ, ҳарду ҷониб метавонанд мувофиқ бошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод






