Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон Ёддошти муштараки ҳусни тафоҳум ба имзо расид.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин ёддошт дар доираи сафари ҳайати Қирғизистон дар чаҳорчӯби «Ташаббус барои таҳкими субот дар манотиқи марзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон» ба имзо расид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд.
Инчунин ҷонибҳо вобаста ба пешгӯии равандҳои эҳтимолии офатҳои хатарноки табиӣ, системаҳои огоҳсозии бармаҳал, вокуниш ба таҳдидҳо ва ҳолатҳои фавқулода ибрози назар намуданд.
Баргузории машқҳои муштарак, таҳияи харитаи роҳ ва табодули таҷриба байни кормандон низ зимни вохӯрии ҷонибҳо баррасӣ гардид.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






