Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Русия ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолат ва дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ 23 апрел дар Душанбе зимни мулоқоти Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва директори Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Федератсияи Русия Дмитрий Аристов баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти иҷро хабар доданд.
Ҷонибҳо оид ба мубодилаи таҷриба, густариши иқтидори институтсионалӣ ва тақвияти заминаҳои моддию техникӣ табодули назар намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ташкили бозомӯзии кадрҳо ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти иҷро, рақамикунонии ҷараёни истеҳсолоти иҷро, тақвияти мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, инчунин таҳияи роҳу механизмҳои нави баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷро зоҳир карда шуд.
Дар доираи вохӯрӣ бо мақсади татбиқи муқаррароти Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, ки 21 ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии иҷрочиёни судии Федератсияи Русия барои солҳои 2025–2026 ба имзо расонида шуд.
Имзои ин барнома ифодаи иродаи қавии ҷонибҳо барои таҳкими муносибатҳои корӣ, густариши доираи ҳамкорӣ ва муттаҳид сохтани талошҳо барои ташаккули низоми муосири иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошад.
АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






