Бо истифода аз барномаи «Нозири минтақавии ман» шаҳрвандон метавонанд нозири минтақавии худро шиносанд
ДУШАНБЕ, 16.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сари вақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон, пешгирии фаврии ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар саҳифаи «Телеграм» бо номи «Нозири минтақавии ман» барномаи махсуси худкор (бот) таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои масъулин, сокинону меҳмонони пойтахт бо истифода аз ин барнома метавонанд нозири минтақавии худро шиносанд ва бо ӯ ба осонӣ дар тамос шаванд.
Шаҳрвандонро зарур аст ҳангоми истифода номи кӯча, маҳалла, бинои истиқоматӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, биноҳои маъмурӣ ва ё дигар маконҳои ҷамъиятиро дар қисмати «ҷустуҷӯ» бо ҳуруфи тоҷикӣ бе хато ворид созанд. Дар ин ҳолат нозирони минтақавие, ки дар он макон фаъолият менамоянд, дар равзанаи барнома пайдо мешаванд.
Шаҳрвандон пеш аз истифода бояд бо қоидаҳои барнома шинос шаванд.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






