Бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ҳамоиш ва сайри гардишгарӣ баргузор мегардад

Апрель 26, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 26.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 26 апрел бо мақсади оғози мавсими саёҳати дохилӣ дар Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, рӯзноманигорон ва блогерон ҳамоиш баргузор мегардад. Ҳамзамон иштирокчиёни ҳамоиш дар ин рӯз  ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии ин маконҳо шинос мегарданд. 

Тавре аз Кумитаи рушти сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин хатсайр бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ташкил гардида, мақсади он муаррифии мавзеъҳои сайёҳии мамлакат мебошад.

Солҳои охир дар Тоҷикистон сайёҳии дохилӣ рушд меёбад. Агар солҳои қаблӣ шаҳрвандон танҳо ба хотири кор ва ё зарурат аз ноҳия ба шаҳр ё баръакс сафар мекарданд, имрӯз онҳо барои истироҳату фароғат, зиёрати оромгоҳҳои шахсиятҳои бузург, солимгардонӣ дар истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат дар дилхоҳ фасли сол сафар менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Апрель 26, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид