Дар Абу-Забӣ ҳамкории дуҷониба дар самти сармоягузорӣ баррасӣ гардид

Апрель 7, 2025 12:07

ДУШАНБЕ, 07.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Абу-Забӣ мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Вазири давлатии савдои берунаи Амороти Муттаҳидаи Араб Танӣ бин Аҳмад Ал-Зайюдӣ баргузор гардид, ки дар он масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар самти сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармояугзорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот тарафҳо масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти сармоягузорӣ, савдо ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.

Мусоҳибон аҳамияти рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, логистика, кишоварзӣ ва технологияҳои рақамиро таъкид намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути истифодаи платформаҳои шарикии стратегӣ ва ширкатҳои сармоягузории Аморат изҳор намуданд.

Султон Раҳимзода Вазири давлатии савдои беруна ва соҳибкорони Аморати Муттаҳидаи Арабро барои иштирок дар форуми Душанбе-Инвест — 2025, ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки худро барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд таъкид карданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармояугзорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 7, 2025 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд