Дар Деваштич маросими тантанавии гусели навҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони «Муҷассамаи Деваштич»-и шаҳраки Ғончӣ маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд, раиси ноҳия даъватшудагони ихтиёриро ба муносибати дохил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, иброз намуд, ки Артиши миллии Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат ва сипари иқтидорманди миллат мебошад.
Таъкид гардид, ки ташкил ва таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи кӯтоҳ ва хеле душвору сангин ба вуқуъ пайваст.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ҳам аз лиҳози таъминоти моддию техникӣ, ҳам аз ҷиҳати қудрату тавоноӣ ва маҳорати ҳарбӣ ва интизоми ҳайати шахсӣ аз солҳои пешин афзалияти зиёду бештар дорад. Боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз мамлакати мо тамоми марзи сарҳади давлатиро пурра бо қувваи худ муҳофизат менамояд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби олии обу тоби зиндагӣ ва касби камолот мебошад.
Дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ нақшаи даъватро иҷро намуда, ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Яхтан ва Муҷун дар ҳоли иҷро қарор доранд.
Дар ҳамоиш барои саҳми арзанда дар ҷалби саривақтии ҷавонон раиси Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ бо «Сипоснома» ва Вимпели «Беҳтарин ҷамоат оид ба иҷрои даъвати ҳарбӣ» ва раисони шурои маҳаллаҳои деҳаҳои Ғазантарак, Гулобод, Лолазор ва Истиқлол бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон ба 26 даъватшуда аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-и ноҳия шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «В» супорида шуд.
Чун анъана маросими нонгазон баргузор шуда, модарон ба фарзандонашон хизмати содиқона таманно намуданд.
Санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини ҳунариро бо сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён намуданд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Деваштич











ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






