Дар доираи Фестивал-озмуни «Парасту» се намоиш манзури тамошобинон гардонида мешавад

Апрель 16, 2025 09:10

ДУШАНБЕ, 16.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту 2025» дар се театри шаҳри Душанбе намоишҳо манзури тамошобинон гардонида мешаванд.

 Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имрӯз   соати 10:00 дар Театри  давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Гурба, Рӯбоҳ ва Хурӯс» пешниҳод мегардад.

Имрӯз тамошобинон ҳамчунин имкон доранд, ки соати 14:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов намоиши «Ривояти суғдӣ»-и С.Улуғзодаро дар иҷрои ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара         тамошо намоянд. Инчунин соати 17:30 дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ҳунармандони Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон      намоиши «Рақси ҷуфтӣ дар танҳоӣ» («Парный танец в одиночку»)-ро ба саҳна мегузоранд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, имсол 18 театри касбӣ беҳтарин намоишҳоеро, ки давоми солҳои 2023-2024 рӯйи саҳна овардаанд, манзури тамошобинон мегардонанд. Дар фестивал аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодшуда коршиносони соҳаи театр аз Тоҷикистон,  Узбекистон, Қазоқистон ва Русия иштирок менамоянд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни фестивал–озмун барои коргардонҳо ва ҳунарпешагони театрҳои Тоҷикистон бо иштироки коршиносони хориҷӣ  дарсҳои маҳорат доир шуда, намоиши ғайриозмунии донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода «Заҳҳок» аз рӯи асари Абулқосим Фирдавсӣ пешниҳод гардад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳриносо Ҳоҷибоева иброз намуд,  фестивал-озмун имкон медиҳад, ки ҳунармандон аз таҷрибаи якдигар аз наздик шинос шаванд. Ҳадафи фестивал-озмун табодули таҷриба ва муаррифии асарҳои нав мебошад. Фестивал-озмун давоми як ҳафта ниёзҳои бадеӣ-эстетикӣ ва маънавии ҷомеаи мадании шаҳри Душанберо бароварда месозад.

Меҳриносо Ҳоҷибоева иброз намуд, ки  Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар ин фестивал-озмун намоиши «Зангирӣ  ё дамгирӣ»-ро аз рӯи асари Султон Сафаров дар коргардонии Қурбон Шукурзода пешкаши тамошобинон мегардонад. Ин намоиши мазҳакавӣ буда, мавзуи он рӯзмарра мебошад.

Ҳунарманди Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский Некқадам Шоназаров иброз намуд, ки бартарии ин фестивал-озмун он аст, ки чеҳраҳои нави саҳнаи театр ва коргардонҳои ҷавонро муаррифӣ ва онҳоро бо ҳамкасбон шинос менамояд. Имсол дар ин фестивал-озмун беҳтарин асарҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ пешниҳод мегарданд. Махсусан аз рӯи достони Абулқосим Фирдавсӣ чор намоиш пешниҳод карда мешавад.

«Ҳунармандони мо  аз рӯи асари Александр Пушкин «Базм дар вақти вабо» («Пир во время чумы») намоиши ҷолибе пешниҳод менамоянд. Ин спектакл дар театрҳои берун аз ҷумҳурӣ низ ба намоиш гузошта шудааст»,-гуфт Меҳриносо Ҳоҷибоева.

Ёдовар мешавем, ки аввалин фестивал-озмуни «Парасту» баҳори соли 1987 доир шуда буд. Шоҳҷоизаи нахустинро ҳунармандони  Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода бо намоиши «Фишор» аз рӯйи асари Сафармуҳаммад Аюбӣ дар таҳияи Мирзоватан Миров соҳиб гардида буданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 16, 2025 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд