Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар ноҳияи Лахш ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» бо мақсади васеъ кардани имконияти наврасону ҷавонон дар самти донишҳои молиявӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ бо иштироки 200 хонандаи мактабҳои миёна, ҷавонон ва муштариёни «Амонатбонк» дар филиали №11-и ноҳияи Лахш ҳамоиши омӯзишӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш кормандони сохторҳои дастгоҳи марказии «Амонатбонк» дар мавзуъҳои гуногуни соҳаи бонкдорӣ, алалхусус «Хизматрасониҳо тавассути замимабарномаи «Амонат — мобайл», «Хизматрасониҳо тавассути кортҳои пардохтӣ», нақши пул ва қоидаҳои идоракунии он, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Баргузории чунин ҳамоишҳо дар филиалҳои «Амонатбонк» дар минтақаҳо барои баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, азхуд кардани маълумоти зарурӣ оид ба хизматрасониҳои бонкӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои соҳавӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: «Амонатбонк»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






