Дар Душанбе ҷараёни татбиқи ислоҳоти бахши энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид

Апрель 12, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 12.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо иштироки Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба энергетикаи назди Шурои ҳамоҳангсозии рушди Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар меҳвари ҷаласа ҷонибҳо ҷараёни татбиқи ислоҳоти бахши энергетикии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон нақшаи пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба навсозии шабакаҳои интиқол ва тақсимоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе муҳокима шуд. Ҳадафи он пешгирии  садамаҳо ва қатъшавии барқ дар натиҷаи афзоиши босуръати талабот ба неруи барқ мебошад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 12, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд