Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт барномаи фарҳангӣ-сиёсии аъзои ҳизб доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-сиёсии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода вобаста ба дастовардҳо ва рушду пешрафти шаҳри Душанбе дар соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, зина ба зина беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони пойтахт, таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба мутобиқ намудани инфрасохтори шаҳр ба меъёрҳои байналмилалӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, сол ба сол зиёд гардидани шумораи сайёҳон аз пойтахти мамлакат ва боло рафтани обрӯю эътибори шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун маркази баргузории барномаҳои сиёсӣ, фарҳангию варзишии байналмилалию минтақавӣ ибрози андеша намуд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокчиён расонида, вобаста ба давраҳои таърихии ташаккули шаҳри Душанбе, нақши аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули фарҳанги сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандони пойтахт, корҳои созандагию бунёдкорӣ ва рӯз аз рӯз зебою дилоро гардидани пойтахти азизамон ибрози назар намуд.
Дар анҷоми ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода як зумра собиқадорону фаъолони ҳизбро бо медалҳои ҷашнии 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонид.
Ҳамзамон барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи мамлакат манзури иштирокчиён гардонида шуд.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон























Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






