Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт барномаи фарҳангӣ-сиёсии аъзои ҳизб доир гардид

Апрель 22, 2025 09:15

ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-сиёсии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода вобаста ба дастовардҳо ва рушду пешрафти шаҳри Душанбе дар соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, зина ба зина беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони пойтахт, таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба мутобиқ намудани инфрасохтори шаҳр ба меъёрҳои байналмилалӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, сол ба сол зиёд гардидани шумораи сайёҳон аз пойтахти мамлакат ва боло рафтани обрӯю эътибори шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун маркази баргузории барномаҳои сиёсӣ, фарҳангию варзишии байналмилалию минтақавӣ ибрози андеша намуд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон  Абдураҳмонзода паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокчиён расонида, вобаста ба давраҳои таърихии ташаккули шаҳри Душанбе, нақши аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташаккули фарҳанги сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандони пойтахт, корҳои созандагию бунёдкорӣ ва рӯз аз рӯз зебою дилоро гардидани пойтахти азизамон ибрози назар намуд.

Дар анҷоми ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода як зумра собиқадорону фаъолони ҳизбро бо медалҳои ҷашнии 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонид.

Ҳамзамон барномаи  фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи мамлакат манзури иштирокчиён гардонида шуд.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Апрель 22, 2025 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд