Дар Душанбе гузариш ба иқтисоди «сабз» ва истифодаи оқилонаи захираҳои ангишт баррасӣ гардид

Апрель 17, 2025 10:26

ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба энергетикаи устувор, технологияи «сабз» ва навовариҳо дар соҳаи  коркарди ангишт зимни ҳамоише дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута, коршиносони байналмилалӣ, ташкилоти экологӣ ва роҳбарони корхонаҳои истихроҷи ангишт баррасӣ шуданд.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Таҳлили имконоти татбиқи технологияҳои пешрафта дар соҳаи ангишт, такмили инфрасохтори энергетикӣ ва саноатӣ, инчунин таҳияи тавсияҳои амалишавандаи сиёсӣ ва техникӣ аз ҳадафҳои ҳамоиш буд.

Яке аз самтҳои муҳиме, ки дар ҳамоиш муҳокима шуд, истифодаи ангишт ҳамчун ашёи хом барои истеҳсоли графен, нанотрубкаҳои карбон ва дигар маводи пешрафтаи технологӣ мебошад. Ин иқдом метавонад ба рушди инфрасохтори технологӣ, тақвияти таҳқиқоти илмӣ, таъмини рушди иқтисоди муосир ва эҷоди ҷойи нави кор мусоидат намояд. Истифодаи технологияи муосир дар соҳаи ангишт имконият фароҳам меорад, ки ин соҳа на танҳо ҳамчун захираи анъанавии энергия, балки чун қисми муҳими саноати инноватсионӣ арзёбӣ гардад. Ин метавонад ба коҳиши вобастагӣ аз манбаъҳои карбонии ифлоскунанда ва гузариш ба истеҳсолоти тоза мусоидат намояд.

Гузариш ба иқтисоди «сабз» яке аз самтҳои калидии сиёсати рушди устувори Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳадафи асосии он-коҳиши таъсири манфӣ ба муҳити зист, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мебошад.

Дар ин самт «Стратегияи давлатии рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037»  ва  «Консепсияи рушди соҳаи ангишт то соли 2040» ҳамчун ҳуҷҷатҳои асосӣ роҳнамои татбиқи сиёсати энергетикии мамлакат мебошанд. Ҳарду стратегия бо «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» (СМР-2030) ҳамоҳанг карда шудаанд ва барои ҳамгироии сиёсати иқтисодӣ ва экологии ҷумҳурӣ заминаи боэътимод фароҳам меоранд.

Бо дастгирии Комиссияи иқтисодии Аврупоии Созмони Милали Муттаҳид, коршиносони байналмилалӣ бо назардошти маълумоти воқеӣ ва пешниҳодоти корхонаҳои ангишт тавсияҳои муфассал ва амалӣ таҳия намудаанд. Муҳокимаи ин тавсияҳо дар доираи ҳамоиш барои таҳияи «Барномаи рушди соҳаи ангишт барои солҳои 2025–2029» ва амалӣ намудани тадбирҳои нави амалии ислоҳот дар соҳа иқдоми саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад.

Тоҷикистон дар роҳи гузариш ба энергетикаи тоза ва рушди саноати «сабз» қадамҳои устувор мегузорад ва омода аст, ки бо шарикони байналмилалӣ барои татбиқи ҳадафҳои муштарак ҳамкории самаранокро тақвият бахшад.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 17, 2025 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»