Дар Душанбе ниммарафони XV байналмилалӣ баргузор мешавад

Апрель 11, 2025 08:52

ДУШАНБЕ, 11.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон 19 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе ниммарафони XV байналмилалӣ баргузор мегардад, ки дар он дар баробари варзишгарони тоҷик варзишгарони дигар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон иштирок менамоянд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».

Ниммарафони XV байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97,5 метрро дар бар мегирад, аз шоҳроҳи назди «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе шуруъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба поён мерасад.

Варзишгароне, ки байни мардон ва занон ҷойҳои аз якум то шашумро ишғол мекунанд, бо чунин ҷоизаҳои молӣ сарфароз мегарданд: ҷойи 1-ум 38 500 сомонӣ, ҷойи 2-юм 33 000 сомонӣ, ҷойи 3-юм 27 500 сомонӣ, ҷойи 4-ум 16 000 сомонӣ, ҷойи 5-ум 14 800 сомонӣ, ҷойи 6-ум 11 500 сомонӣ.

Бояд гуфт, ки ниммарафони байналмилалии Душанбе аз соли 2014 ба тақвими мусобиқаи Созмони байналмилалии марафон ва дав ба масофаҳои дур дохил шудааст. Танҳо соли 2020 ниммарафони байналмилалии Душанбе бо сабаби хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон баргузор нашуд.

Ёдовар мешавем, ки натиҷаи беҳтарини варзишгарони тоҷик дар чордаҳ даври ниммарафони байналмилалии Душанбе ҷойи дуюм байни занон ва ҷойи чаҳорум байни мардон мебошад.

Меҳрони ҚУРБОН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 11, 2025 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд