Дар Душанбе оид ба истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ва бехатарии радиатсионӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Апрель 24, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Душанбе бо ташаббуси Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо «Иттифоқи байналмилалии собиқадорони энергияи атомӣ ва саноат» таҳти унвони «Дурнамои истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ва мушкилоти бехатарии радиатсионӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.  

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон     хабар доданд.

Дар ҳамоиш коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Муғулистон, Беларус ва дигар давлатҳо ҷамъ омада, масъалаҳои экологии технологияҳои ҳастаӣ, барқарорсозии объектҳои мероси ҳастаӣ ва рушди энергияи атомиро баррасӣ намуданд.

«Дурнамои истифодаи технологияҳои ҳастаӣ ва мушкилоти бехатарии радиатсионӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ», «Назорати бехатарии радиатсионӣ» ва «коркарди партовҳои радиоактивӣ ва дурнамои вобаста ба фаъолияти реакторҳои хурди атомӣ» аз мавзуъҳои асосие буданд, ки дар ин конференсия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Конференсия дар Маркази минтақавии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  баргузор шуд. Дар доираи он гузоришҳои олимони пешқадам, мубоҳисаҳо, мукофотонидани собиқадорони соҳа  доир шуда, қатънома қабул карда шуд.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Апрель 24, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд