Дар Хатлон таҳти унвони «Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон» силсилаҳамоишҳо доир мегарданд

Апрель 22, 2025 16:50

 ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 21 апрел то 30 майи соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони «Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон» силсилабарномаҳои фарҳангию варзишӣ, маърифатӣ ва озмунҳо баргузор мегарданд. 

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои баргузории ин силсилаҳамоишҳо қарори Раиси вилояти Хатлон ба тасвиб расидааст.

Баргузории озмунҳо, намоишҳо, вохӯриҳо, намоишҳои варзишию фарҳангӣ ва дигар иқдоми тарбиявӣ дар доираи ин рӯзҳо ба рушди қобилияти эҷодию зеҳнии кӯдакон ва таҳкими маърифати иҷтимоии онҳо мусоидат менамояд.

Тибқи нақша, то 1 июн ҳамаи чорабиниҳо ҷамъбаст гардида, маросими тантанавии анҷоми он бо қадрдонии ғолибони озмуну мусобиқаҳо бо Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Хатлон баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо қарори Анҷумани Шурои Федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал 1 июни соли 1950 дар 51 давлати дунё таҷлил гардида буд.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

 

Апрель 22, 2025 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд