Дар Институти илмҳои гуманитарӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел бо ташаббуси Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров ва Институти биологии Помир ба номи академик Худоёр Юсуфбеков бахшида ба Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик конференсияи муштараки илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар конференсия нақши илму дониш дар таҳкими заминаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ таъкид гардида, зарурати рушду тавсеаи равандҳои илмӣ баён карда шуд.
Мавзуъҳо доир ба тағйирёбии глобалии иқлим ва таъсири он ба фауна ва экологияи Тоҷикистон, эҳёи манбаъҳои обӣ ва экосистемаҳои кӯҳӣ, нақши муҳими маконҳои табиӣ дар таъмини устувории экологӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми конференсия ба як гурӯҳ муҳаққиқон ва кормандони фаъоли ҳар ду муассиса ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии чорабинӣ — таҳкими робитаҳои байниинститутӣ, боло бурдани сатҳи ҳамкории байнисоҳавӣ ва пайгирии таҳқиқоти илмии дар заминаи рушди устувор мебошад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






