Дар моҳи апрел ҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Апрель 1, 2025 15:12

ДУШАНБЕ, 01.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрел дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар рӯзҳои алоҳида боридани борон,  ба амал омадани раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳавои моҳи  апрели имсола ба моҳи апрели соли 2013 шабоҳат дорад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 19 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 13 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ ҳарорати рӯзона дар водиҳо тағйир ёфта, аз 25 то  32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 24 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.   Давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо боридани боронҳои шиддатнок ва ба амал омадани раъду барқ ва жола пешгӯӣ мешавад.

Ин моҳ дар водиҳои вилояти Суғд ҳаво то 17, дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 13 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 7 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 25+30 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 14+19 дараҷа гарм мешавад.  Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо боридани боронҳои шиддатнок, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешгӯӣ мешавад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, то 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳ нишондиҳандаҳои пасти ҳаво пешгӯӣ шуда, ҳарорати рӯзонаи ҳаво эҳтимол то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона то 8+13 дараҷа гарм шавад. Инчунин давоми моҳ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон дар назар аст. Ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола низ пешгӯӣ мешавад.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво 1-3 дараҷа хунук мешавад. Давоми моҳ шабона ҳаво то 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона то 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо шиддати вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 1, 2025 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад