Дар ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Хатлон паҳншавии малах ба мушоҳида мерасад
ДУШАНБЕ, 01.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ноҳияҳои кӯҳистони вилояти Хатлон паҳншавии малах мушоҳида мешавад. Барои нест намудани ин ҳашароти зараррасон бояд тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд. Дар ин хусус 28 март зимни баргузории ҷаласаи ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах дар ноҳияи Вахш иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз гардида, дар се марҳила гузаронида мешаванд.
Малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзӣ мефарояд.
Ҳамчунин дар вилоят бо мақсади омодагӣ ба мавсими имсола, сари вақт гузаронидани чорабиниҳо ва дар ин замина муҳофизати майдонҳои кишти зироати кишоварзӣ Ситоди вилоятӣ таъсис дода шудааст.
Инчунин Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар минтақаи Бохтар вазифадор карда шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин дар ҳар шаҳру ноҳия харитаи мавзеъҳоро муайян карда, дар ин мавзеъҳо коркарди техникӣ гузаронанд.
Инчунин барои сари вақт таъмиру омода намудани техникаҳои корхона ва ба миқдори зарурӣ захира намудани заҳрхимикатҳои сахттаъсир тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






