Дар ноҳияи Дӯстӣ даъватшавандагонро бо тантана ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд

Апрель 2, 2025 15:05

ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Зимни адои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию инсонгароӣ, мардонагию шуҷоат, адолатнокию   қавииродагӣ тарбия гардида, барои ҳифзу нигаҳдории амнияти мамлакат омода мешаванд. Ин матлаб зимни маросими гусели ҷавонон ба сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат  дар ноҳияи Дӯстӣ баён шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ доданд, дар рӯзи нахустини даъвати баҳорӣ дар ноҳия нақшаи даъват иҷро гардид.

Раиси ноҳияи Дӯстӣ иброз намуд, ки аз ҷониби давлату Ҳукумат сол аз сол шароит  барои хизматчиёни ҳарбӣ беҳтар карда мешавад. Сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо, ки бештар бо дидани қисмҳои ҳарбӣ оғоз меёбанд, далели ғамхории Пешвои миллат нисбат ба сарбозону афсарон мебошад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор рафта, омили асосии нигоҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад. Вазифаи муҳими ҷавонон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифзу ҳимоя намудани марзу буми Ватан аст. Хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб менамояд. Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ

Апрель 2, 2025 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд