Дар ноҳияи Данғара доир ба ҷарроҳии инноватсионӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таҳти унвони «Рушди ҷарроҳии инноватсионӣ дар Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии ҷарроҳони мамлакат баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадафи ҳамоиш мубодилаи афкор доир ба рушди ҷарроҳӣ ва фароҳам овардани шароиту имконияти озод барои барқарор намудани ҳамкории мутақобили судманд байни ҷарроҳони ватанӣ мебошад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии мамлакат дониста мешавад.
Соли 2024 дар самти ташхису табобат дар мамлакат 94 навоварӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2023 20 адад зиёд мебошад. Инчунин аз 94 навгонии воридшуда 28 навгонӣ фарогири самти ташхис, ба монанди ташхиси бемориҳои саратоншиносӣ, узвҳои ҳозима, пайвандсозии узвҳо, бемориҳои дилу рагҳо ва сил, экспертизаи тиббӣ-судӣ ва ташхиси шуоӣ мебошад. 66 навгонии дигар, аз ҷумла ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, сутунмӯҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, узвҳои ҳозима, ҷарроҳиҳои қафаси сина, саратоншиносӣ, ҷарроҳиҳои абдоминалӣ, осебшиносӣ, урология, рентгенэндоваскулярӣ, ҷарроҳиҳои чашм, бемориҳои сӯхтагӣ ва шунавоиро дар бар мегиранд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






