Дар ноҳияи Данғара доир ба ҷарроҳии инноватсионӣ ҳамоиш доир гардид

Апрель 16, 2025 12:00

 ДУШАНБЕ, 16.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таҳти унвони «Рушди ҷарроҳии инноватсионӣ дар Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии ҷарроҳони мамлакат баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи ҳамоиш мубодилаи афкор доир ба рушди ҷарроҳӣ ва фароҳам овардани шароиту имконияти озод барои барқарор намудани ҳамкории мутақобили судманд байни ҷарроҳони ватанӣ мебошад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии мамлакат дониста мешавад.

Соли 2024 дар самти ташхису табобат дар мамлакат 94 навоварӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2023  20 адад зиёд мебошад. Инчунин аз 94 навгонии воридшуда 28 навгонӣ фарогири самти ташхис, ба монанди ташхиси бемориҳои саратоншиносӣ, узвҳои ҳозима, пайвандсозии узвҳо, бемориҳои дилу рагҳо ва сил, экспертизаи тиббӣ-судӣ ва ташхиси шуоӣ мебошад. 66 навгонии дигар, аз ҷумла ҷарроҳиҳои дилу рагҳо, сутунмӯҳра, пайвандсозии узвҳои инсон, узвҳои ҳозима, ҷарроҳиҳои қафаси сина, саратоншиносӣ, ҷарроҳиҳои абдоминалӣ, осебшиносӣ, урология, рентгенэндоваскулярӣ, ҷарроҳиҳои чашм, бемориҳои сӯхтагӣ ва шунавоиро дар бар мегиранд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 16, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд