Дар ноҳияи Рӯдакӣ сафи ихтиёриён барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ меафзояд
РӮДАКӢ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ гусели тантанавии ҷавонони даъватшуда-ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ ба таври бошукуҳ баргузор гардид. Онҳо изҳор доштанд, ки қарзи фарандии худро дар назди Ватан-Модар сарбаландона иҷро менамоянд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд.
Зимни ҳамоиш Раиси ноҳияи Рӯдакӣ иброз намуд, ки «хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу бум шараф ва номуси ҷавонмардӣ буда, вазифаю рисолати шаҳрвандӣ ва имонию виҷдонии ҳар фарди соҳибватан маҳсуб мешавад. Сол то сол дар ноҳия сафи довталабон ва ихтиёриёни хизмати ҳарбӣ аз ҳисоби ҷавонони бонангу номус зиёд мегардад. Имсол низ дар ҷараёни даъвати баҳорӣ ҷавонони синни даъватӣ бо неруи созанда, ифтихор аз Ватан ва бо дили гарм баъди гирифтани даъватнома ҳозир шуда, ҳамчун сипарони боэътимоди Ватан озими хизмати ҳарбӣ шуданд».
Дар ҷамъомад аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба 10 нафар волидоне, ки зиёда аз 4 фарзанди худро ба сафи артиш равона намудаанд, мукофоти пулӣ, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва ба як гурӯҳ даъватшудагон ҳуҷҷати ронандагӣ дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Дар анҷоми ҷамъомад намоиши машқҳои ҳарбӣ ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Рӯдакӣ










Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






