Дар шаҳри Хоруғ Лигаи волейболи вилоят байни мардон то охири сол баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 06.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ Лигаи волейболи вилоят байни мардон оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Хоруғ» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.
Мусобиқа бо ташаббуси Федератсияи волейболи вилоят оғоз гардид. Дар он 11 даста аз шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Роштқалъа, Ишкошим, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Литсей барои хонандагон болаёқат дар шаҳри Хоруғ ва раёсати тандурустӣ иштирок намуданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бори нахуст дар вилоят Лигаи волейбол таъсис дода шуд. Мусобиқаҳо аз моҳи апрел оғоз гардида, охири соли равон ҷамъбаст мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад






