Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Хизмат ба Ватан оини ҷавонмардист» — таҳти ин унвон дар шаҳри Ҳисор чорабинии тантанавии Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Наваскарону хизматчиёни қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, ҷавонони фаъол – гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон аз назди бинои Комиссариати ҳарбӣ тавассути кӯчаҳои марказӣ то Кохи фарҳанги шаҳр бо шиорҳои «Тоҷикистон ба пеш!», «Хизмат ба Ватан оини ҷавонмардист», «Хизмат ба Ватан шараф аст», «Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мост» ва бо садои карнаю сурнай роҳпаймоӣ намуданд.
Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода баъд аз гузориши низомии комиссари шаҳр оид ба омодагии наваскарон барои иштирок дар Рӯзи даъватшаванда сухан намуда, гуфт, ки бо шарофати ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, бахусус дастгирию ташаббусҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити буду бош ва хизмати аскарон дар қисмҳои низомӣ сол аз сол беҳтар гардидааст. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз имтиҳонҳои сангини таърих гузашта, дар минтақа ҳамчун яке аз ниҳодҳои тавоною қудратманд ташаккул ёфтааст.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои истодагарӣ намудан ба хавфу хатарҳои афзоянда, таъмини суботу амнияти мамлакат ва ҳифзи марзу хоки муқаддаси Ватан Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бонангу номус эҳтиёҷ дорад. Хушбахтона, сафи ихтиёриён пайваста афзуда, дар рӯзи аввали даъват зиёда аз 200 ҷавон ба Комиссариати шаҳр ҳозир шуданд.
Бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 нафар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 150 нафар ба даврҳои омӯзиши ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ҷалб шуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардиданд. Акнун ин ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ ба сифати ронанда содиқона хизмат менамоянд.
Дар Рӯзи даъватшаванда инчунин собиқадорони меҳнат, падару модари даъватшавандаҳо, сарбозоне, ки ҳоло адои хизмат доранд ва даъватшавандаҳо сухан намуда, аз роҳи тайкардаи пуршарафи падару бобоён, қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ёдовар шуданд. Дар ҳамоиш ҳамзамон хизмати ҳарбӣ барои ҷавонон мактаби бузурги тарбияи ҷисмонию равонӣ арзёбӣ гардид.
Ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи консертиро пешкаши ҳозирин гардониданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






