Дар шаҳри Кӯлоб нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро гардид
ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб иҷро шуд. Дар хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Рӯзи даъватшаванда — маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ бо иштироки ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайвастаанд ва волидайни онҳо баргузор гардид.
Дар мамлакат шуруъ аз 1 апрел маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад. Маъракаи даъвати баҳорӣ аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
Зимни ҳамоиши тантанавӣ иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми аҷдодӣ барои ҳар ҷавонмарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам қарз ва ҳам фарз аст».
Омилҳои пеш аз муҳлат анҷом додани нақшаи даъват агар аз як тараф, ба дастгирию ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Артиши миллӣ вобаста бошанд, аз ҷониби дигар, ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ низ рабт доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид






