Дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи онлайнии «Wildberries» расман ба фаъолият оғоз намуд

Апрель 29, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон   фурӯшгоҳи онлайнии «Wildberries» расман фаъолияти худро оғоз  намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фурӯшгоҳи онлайнии «Wildberries» бо ҳадафи густариши бозори тиҷорати электронӣ ва савдои онлайн  фаъолият намуда, дар Душанбе ду нуқтаи хизматрасонии он  ифтитоҳ шудааст. Сокинони Тоҷикистон имкон доранд, ки аз тариқи сомонаи wildberries.tj маҳсулот фармоиш диҳанд. Муҳлати миёнаи расонидани маҳсулот ба фармоишгарон-мизоҷон  10-14 рӯз мебошад.

Интизор меравад, ки фурӯшгоҳи онлайнии «Wildberries» ояндаи наздик дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон  низ кушода шавад.

«Wildberries»  бузургтарин маркетплейс -бозори электронӣ дар ҳудуди минтақаи АвруОсиё буда, соли 2004 дар Русия таъсис ёфтааст. Ҳоло он дар бозорҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбекистон фаъолият дошта, бо фурӯшандагон аз Чин низ ҳамкорӣ мекунад.

Бо мақсади рушди тиҷорати онлайнӣ  дар Тоҷикистон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ширкати бузурги ин соҳаро барои фаъолият ба бозори мамлакат даъват намудааст. Ифтитоҳи  фурӯшгоҳи онлайнии «Wildberries» аз ин ҷумла аст.

 АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 29, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд