Дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи онлайнии «Wildberries» расман ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон фурӯшгоҳи онлайнии «Wildberries» расман фаъолияти худро оғоз намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фурӯшгоҳи онлайнии «Wildberries» бо ҳадафи густариши бозори тиҷорати электронӣ ва савдои онлайн фаъолият намуда, дар Душанбе ду нуқтаи хизматрасонии он ифтитоҳ шудааст. Сокинони Тоҷикистон имкон доранд, ки аз тариқи сомонаи wildberries.tj маҳсулот фармоиш диҳанд. Муҳлати миёнаи расонидани маҳсулот ба фармоишгарон-мизоҷон 10-14 рӯз мебошад.
Интизор меравад, ки фурӯшгоҳи онлайнии «Wildberries» ояндаи наздик дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ кушода шавад.
«Wildberries» бузургтарин маркетплейс -бозори электронӣ дар ҳудуди минтақаи АвруОсиё буда, соли 2004 дар Русия таъсис ёфтааст. Ҳоло он дар бозорҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбекистон фаъолият дошта, бо фурӯшандагон аз Чин низ ҳамкорӣ мекунад.
Бо мақсади рушди тиҷорати онлайнӣ дар Тоҷикистон Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ширкати бузурги ин соҳаро барои фаъолият ба бозори мамлакат даъват намудааст. Ифтитоҳи фурӯшгоҳи онлайнии «Wildberries» аз ин ҷумла аст.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






