ДАРАХТ БИНШОН! Дар боғи навбунёди ноҳияи Мурғоб беш аз 10 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Барномаи «Кишвари сабз» дар ноҳияи дурдаст ва баландкӯҳи Мурғоб дар 10 гектар боғи нав ташкил гардида, дар он беш аз 10 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳадафи ин ташаббус, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонида шуд, сабзгардонии муҳити зист ва ободу зебо намудани ноҳияи Мурғоб мебошад.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар боғи навбунёд роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Мурғоб ва сокинону фаъолон иштирок намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи татбиқи марҳилаи якуми Барномаи «Кишвари сабз» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 285 гектар дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз шинонида мешаванд. Аз ҷумла, дар 70 гектар боғи хуч ва дар 60 гектар боғи ангат бунёд мегардад, ки аҳамияти иқтисодӣ низ доранд. Инчунин дар 45 гектар дарахтони мевадиҳанда ва чормағз парвариш карда мешаванд.
Дар ноҳияи Мурғоб дар 60 гектар ниҳолҳои хуч, терескен, сафедор ва бед шинонида мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад






